Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорўми стратегӣ дар шаҳр соли 2022 чораҳои амалӣ андешида, дар натиҷа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 209 адад расидааст.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба маблағи 1702,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,9 млн. сомонӣ ё 18,3 дар сад зиёд таъмин шудааст.
Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 17 адад корхонаҳои истеҳсоли нав ва 23 адад коргоҳҳои истеҳсоли аз нав бақайдгирифта шуда, дар маҷмўъ 40 адад корхона таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби корхонаҳои нав 289 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.



















