Муовини Раиси шаҳр
Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ.
Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 январи соли 2024 ба мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.


















